Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия

18 ноябри соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколтсев Владимир Александрович ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баромад намуда, зикр кард, ки ҳамкориҳои мақомотҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия рӯз аз рӯз тақвият ёфта, дар доираи ҷаласаи Мушовараи якҷоя боз ҳам рушду такомул меёбанд.
Ҷаласа масъалаҳои муҳими ҳамкориҳоро фаро гирифта, дар он мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, мубодилаи иттилоот ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ҳамкории зич дошта, пайваста чорабиниҳои муштаракро роҳандозӣ ва амалӣ менамоянд.
Дар ҷараёни ҷаласа оид ба андешидани чораҳо дар самти такмил додани ҳамкориҳо байни воҳидҳои тафтишотии Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия, инчунин пешгирӣ, муайян ва ошкор кардани ҷиноятҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, омодасозӣ ва баланд бардоштани иқтидори кадрҳо як қатор таклифҳои судманд пешниҳод карда шуд. 
Дар идомаи ҷаласа аз ҷониби Вазирони ҳарду кишвар Нақшаи кории Вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 тасдиқ гардида, дар доираи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар интиҳои ҷаласа Вазирони ҳарду кишвар бо сухани хотимавӣ баромад намуда, аз натиҷаҳои ба дастомада изҳори қаноатмандӣ карданд.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия

18.11.2024 18:54
227