Ба таваҷҷуҳи ронандагони воситаҳои нақлиёт!
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ, бартараф намудани камбудиҳои техникӣ ва дар ҳолати муқаррарии техникӣ қарор доштани воситаҳои нақлиёт аз 23-юми ноябр то 3-юми декабри соли 2024 дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ чорабинии мақсаднок бо номи «Муоинаи техникӣ» гузаронида мешавад.
Аз ин лиҳоз аз тамоми ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки саривақт воситаҳои нақлиёти худро аз муоинаи техникӣ гузаронида, камбудиҳои техникиро бартараф намоянд.