Руҳбаландии ҷавонони фаъоли кишвар аз дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти ВКД
24 ноябри соли 2024 бо иштироки гурӯҳи бузурги ҷавонони фаъоли кишвар дар толори асосии бинои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти миллитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ҳамоиши тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ доир гардид.
Ҳамоиши мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда, партавфишонии парчамҳо аз ҷониби аҳли толор ҳусни дигареро ба ин маҳфили идона зам намуд.
Нахуст Абдураҳмон Аламшозода ташрифи ҷавонони фаъолро ба пойтахти кишвар - шаҳри зебоманзари Душанбе хайрамақдам гуфта, онҳоро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, дар иҷрои рисолати шаҳрвандиашон комёбиҳо таманно кард.
Тавре гуфта шуд, ҷавонони бонангу номуси кишвар исбот сохтанд, ки ҳам бо қалам, ҳам бо қасам ва ҳам бо қадам дастгири сиёсатҳои хирадмандонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Абдураҳмон Аламшозода аз ҷавонони фаъол даъват ба амал овард, ки бо донишу заковати хеш аз пештара дида бештар ҷиҳати тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ камари ҳиммат банданд.
Баъдан, сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони (РОПҲНҶ) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб баромад намуда, қайд кард, ки ҳар як ҷавон бояд дар замири худ ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ дошта бошад ва дар ҷаҳони пуртаззоди имрӯза бо донишу зиракии сиёсӣ ҳамчун сипари фазои сулҳу оромии кишвар ва амнияти саросарии он бошанд.
Дар хотима, миёни ҷавонони фаъоли кишвар ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ табодули афкор сурат гирифта, ба саволҳои онҳо посухҳои мушаххас дода шуд.
Абдулло ШОҲИЁН,
Фирӯзи МАҲМАДУЛЛО,
кормандони РОПҲНҶ ВКД ҶТ