Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РОҒУН: Табодули афкор доир ба масоили марбут ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон

Зимни вохӯрие, ки дар шаҳри Роғун баргузор гардид, масъулини Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонон (РОПҲНҶ) полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб, сардори ШВКД дар шаҳри Роғун полковники милитсия Файзуллозода Илҳом ва чанде дигарон оид ба паҳлуҳои гуногуни марбут ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон изҳори назар намуданд.
Дар ин ҷамъомади судманд, ки бо супориши роҳбарияти ВКД гузаронида шуд, ҳамчунин ҷавонони фаъол иштирок намуда, доир ба масъалаҳои ба фаъолияти ҳамсолони ҷавони худ дахлдошта фикру андешаронӣ карданд.
Тавре дар оғози ин чорабинӣ сардори ШВКД дар шаҳри Роғун полковники милитсия Илҳом Файзуллозода зикр намуд, имрӯз барои илмомӯзиву донишандӯзӣ, забономӯзӣ ва ба варзиш машғул гардидани насли наврасу ҷавон тамоми шароитҳо муҳайё мебошанд. Гузашта аз ин, бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманд ва дарёфти чеҳраҳои донишманд аз миёни онҳо, дар кишвар озмунҳои гуногун баргузор карда мешаванд. Ин ҳама дастгириҳо ба он хотир аст, ки ҷавонони мо ба илму омӯзиш рӯй оварда, донишманд гарданд ва ба нафъи давлату миллати худ самаранок фаъолият намоянд. 
Дар идомаи вохӯрӣ сардори РОПҲНҶ ВКД полковники милитсия Мансур Бухоризода баромад карда, оид ба ҷойгоҳи илму дониш дар замони муосир андешаронӣ намуд. Тавре ӯ изҳор дошт, омӯзиши илмҳои замон, махсусан аз худ кардани забонҳои хориҷӣ аз ҳар ҷиҳат барои ҷавонон манфиатовар буда, боиси соҳиби мақоми шоиста гардидани онҳо дар ҷомеа мешавад. Номбурда дар идомаи суханрониаш аз дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ёдоварӣ намуда, изҳор дошт, ки дар саросари кишвар барои илмомӯзии ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
«Аз ҷумла, зимни сафари корӣ ба шаҳри Роғун, санаи 27 сентябри соли равон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар қатори чанд иншооти соҳаҳои гуногун, ҳамчунин «Маркази рушди малакаҳои касбӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Дар ин марказ, дар баробари омӯзиши 4 касби соҳаи барқ, инчунин омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ, русӣ ва кореягӣ ба роҳ монда шудааст, ки ҳар як хонандаи он баъди хатм соҳиби сертификати байналмилалӣ мегардад», - таъкид кард М. Бухоризода.
Созмондиҳандагони ҷамъомади мазкур, дар баробари баррасии масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон, инчунин доир ба мушкилоти доғи рӯз, аз қабили терроризму экстремизм ва омилҳои ҷалб гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ низ изҳори назар карданд. Аз ҷумла, корманди РОПҲНҶ ВКД Фирӯзи Маҳмадулло оид ба ҷойгоҳи интернет дар ҷаҳони муосир, хусусан дар ҳаёти наврасону ҷавонон ва истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ андешаронӣ намуд. Тавре ӯ иброз намуд, бештари он нафароне, ки ба доми гурӯҳу ҳаракатҳои тундрав гирифтор мешаванд, аз сатҳи пасти саводнокӣ доштанашон ва истифодаи нодуруст аз шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба чунин роҳҳои ғайриқонунӣ мераванд.
Бояд гуфт, дар вохӯрӣ бо ҷавонони фаъоли шаҳри Роғун, ки аз намояндагони соҳаҳои гуногуни ин шаҳри саноатӣ иборат буданд, масъулини мақомоти корҳои дохилӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба оқибатҳои кӯтоҳандешии баъзе ҷавонон, сабабҳои ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ пайвастани онҳо, хатари терроризму экстремизм дар замони имрӯз, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмӣ, пешгирии хушунат дар оила, амалҳои коррупсионӣ, истифодаи дурусти телефонҳои мобиливу сомонаҳои интернетӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, ҳувияти милливу ватандӯстии насли ҷавон, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, сидқан иҷро намудани рисолати шаҳрвандиву ваколатҳои мансабӣ, анҷом додани корҳои профилактикиву фаҳмондадиҳӣ ва дигар масоили рӯзмарра ибрози назар намуданд.
Онҳо ба вазъи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, масъалаи таълиму тарбия ва сатҳи маърифату фарҳанги ҳуқуқии онҳо дахл намуда, зикр сохтанд, ки ҷавонон бояд аз ҳар лаҳзаи вақти пурқимати хеш истифода бурда, кӯшиш ба харҷ диҳанд то илмҳои замон ва забонҳои хориҷиро аз худ намоянд. 
Дар идомаи вохӯрии судманд, ҳамчунин ҷавонони фаъол оид ба ватандориву меҳандӯстӣ, ташаббусҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон, фароҳам овардани шароитҳои илмомӯзӣ дар донишгоҳу донишкадаҳо ва эълони соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва солҳои 2020-2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» маърӯзаҳо карданд. 
Дар интиҳои вохӯрии кормандони милитсия бо ҷавонони фаъоли шаҳри Роғун, вобаста ба мавзуъҳои баррасишуда табодули афкор сурат гирифт. Қайд карда шуд, ки баргузории ин гуна чорабиниҳо аз ҳар ҷиҳат барои ҷаҳонбинии ҷавонон манфиатовар буда, минбаъд низ кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки чунин суҳбату вохӯриҳо бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайваста гузаронида шаванд.
Абдулло ШОҲИЁН,
подполковники милитсия

27.11.2024 14:05
42