Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ҳодисаҳои дуздӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Турсунзода бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, 23-юми ноябри соли 2024, тахминан соати 15:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили ҳуҷраи истироҳатии меҳмонхонаи ба номи «Ором», воқеъ дар кӯчаи Спитамени ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен 1-адад ноутбуки тамғаи «Msi», ки ба марди 40-сола тааллуқ дорад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.  
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Б.Ғафуров аризаи марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки шаби 23 ба 24-уми ноябри соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз оғилхонаи ҳавлии истиқоматиаш 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 44-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.  
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 44 ва 46-солаи сокинони шаҳри Гулистон ва ноҳияи Ҷайҳун бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудаанд.
Гумонбаршавандагон, 23-юми ноябри соли 2024, тахминан соати 13:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ дар истгоҳи хатсайри №101, воқеъ дар  кӯчаи Ленини шаҳраки Ғафурови ноҳияи Б.Ғафуров қарор доштан 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг СО5А», ки ба марди 51-солаи сокини ҳамин ноҳия тааллуқ дорад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 11 ҳазору 500 рубли русиро ташкил медиҳад,
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи  244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

27.11.2024 14:27
34