Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ
Парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 343 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров оғоз карда шудааст, ки ӯ 30-юми июли соли 2024 аз комиссияи тиббии Комисариати ҳарбӣ гузашта, қобил ба хизмати ҳарбӣ дониста шуда, даъватномаро барои ба нуқтаи чамъшавӣ ҳозир шуданро гирифта, бе ягон сабаби узрнок бо мақсади саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ, ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.