Бархӯрди ду автомашинаи “Опел-Астра” бо фоҷиа анҷомид
27-уми июни соли 2024, тахминан соати 19:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Зоиров Бобоҷон Ҳомидович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Муъминобод, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти ноҳияи Муъминобод, дар ҳудуди деҳаи Офтоблиқои шаҳри Кӯлоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Латифов Умарҷон Назарович, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Муъминобод бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи “Опел-Астра”, Шарипова Бунафша Муъминова, соли таваллудаш 1986, бо ҳамроҳии фарзандонаш: Аминҷони Раҳмоналӣ, соли таваллудаш 2019, Сабринаи Раҳмоналӣ, соли таваллудаш 2011, Алиҷони Раҳмоналӣ, соли таваллудаш 2014, сокинони ноҳияи Муъминобод, Алиев Рамазон Рашидович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Муъминобод ва худи ронанда Латифов У.Н. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Рамазони Насимҷон, соли таваллудаш 2006, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Зоиров Б.Ҳ. ва мусофирони он Нуралишои Қурбон, соли таваллудаш 2006, ноболиғ Гулова Мадина, соли таваллудаш 2009 ва Панҷшери Муҳаммадзод, соли таваллудаш 2005, сокинони ноҳияи Муъминобод ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. 27-уми июни соли 2024, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Кемри», Раҳимов Разоқ Ҳафизович, соли таваллудаш 1964, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Лермонтов аз тарафи кӯчаи Ҳ.Шерозӣ ба самти кӯчаи С.Шерозии пойтахт, бо дучарха (мототсикл), таҳти идораи Мирзоев Зокир Исроилҷонович, соли таваллудаш 1995, сокини пойтахт, бархӯрдааст. Дар натиҷа, дучархарон Мирзоев З.И. ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби ронанда ба беморхона дастрас гардида, пасон номбурда дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 27-уми июни соли 2024, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Қурбонов Боқимаҳмад Ниёзович, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Хучанд-Чаноқ», дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, автомашинаро чаппа кардааст. Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи мазкур Исоева Азизгул Муллоевна, соли таваллудаш 1973, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.