Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазифаҳои нозирони минтақавӣ

Нозирони минтақавии милитсия мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" аз соли 2004 ва Низомномаи нозирони минтақавии милитсия, ки бо фармони ВКД ҶТ №10 б/з аз 23 феврали соли 2013 тасдиқ шудааст, чун дигар кормандони милитсия барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда ҳуқуқ доранд:

1) аз шаҳрвандон ва шахсони мансабдор риоя намудани тартиботи ҷамъиятӣ, қатъ кардани ҳуқуқвайронкунӣ ва кирдорҳоеро, ки ба амалӣ гардонидани ваколатҳои милитсия мамоният мекунанд, талаб намояд ва дар сурати иҷро накардани ин талабот аз чораҳои маҷбурии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода барад;

2) ҳангоми гумонбар шудан ба содир намудани ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳуҷҷатҳоеро, ки шахсияти шаҳрвандонро тасдиқ мекунанд, санҷад ва инчунин дигар ҳуҷҷатҳои барои риояи қоидаҳо, ки назорати онҳо ба зиммаи милитсия вогузор гардидааст, талаб намояд;
3) шахсонеро, ки ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ роҳ додаанд, оварад ва нисбати онҳо ҳуҷҷатҳои лозимӣ тартиб дода, тадбирҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намояд;
4) дар ҳолатҳои дар қонун пешбинишуда ҷазои маъмурӣ муқаррар намояд ё ҳуҷҷатҳоро дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои баррасӣ ба суд, комиссияҳои назди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супорад;
5) оид ба назорати шахсони ноболиғе, ки аз маҳалли маҳрум гардонидан аз озодӣ шартан озод шудаанд ва инчунин маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо иҷрои ҳукми маҳрум намудан аз озодӣ ба таъхир монда шудааст, мувофиқи нишондоди қонун бо мақомоти дахлдор чора андешад;
6) шахсони ба синни ҳаждаҳсола нарасидаро, ки амалҳои хатарноки ҷамъиятӣ содир кардаанд, дастгир намуда, агар ҷудо нигоҳ доштани онҳо зарур бошад ва инчунин ноболиғонеро, ки бесаробон мондаанду ба муассисаҳои махсуси таълимию тарбиявӣ фиристода мешаванд, дар муассисаҳои қабулу тақсими ноболиғон нигоҳ дорад;
7) хизматчиёни ҳарбиеро, ки дар содир кардани ҷиноят гумонбар шудаанд, дастгир намуда, нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ кушояд, ҳаракатҳои таъхирнопазири тафтишотӣ гузаронад ва бо тартиб ва дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун ба тобеъияти тафтишотӣ супорад ва инчунин хизматчиёни ҳарбиро, ки ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ роҳ додаанд, то ба дасти патрулҳои ҳарбӣ, коменданти ҳарбӣ, командирони қисмҳои ҳарбӣ ё комиссарони ҳарбӣ супорида шуданашон боздошт намояд;
8) шахсонеро, ки дар содир кардани ҷиноят гумонбар шудаанд ва инчунин шахсонеро, ки нисбати онҳо ҳабс ҳамчун чораи пешгирӣ муайян шудааст, боздошт намояд ва дар ҳабс нигоҳ дорад;
9) шаҳрвандон ва шахсони мансабдорро аз рӯи парванда ва маводе, ки дар истеҳсолоташ мебошад (ба таври шифоҳӣ ва ё хаттӣ) ба милитсия даъват кунад;
10) шахсонеро, ки дар содир намудани ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гумонбар шудаанд, барои муайян кардани мастиашон аз истеъмоли машрубот ё маводи воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ ва дигар маводи мадҳушкунанда барои муоина ба муассисаҳои тиббӣ фиристад ё оварда расонад, ба шарте, ки натиҷаҳои муоина барои тасдиқ ё инкор кардани далели ҳуқуқвайронкунӣ ё баррасии парванда дар бораи ҳуқуқвайронкунӣ зарур бошанд;
11) шахсонеро, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар ҳолати мастӣ қарор доранд ва намуди зоҳирии онҳо шаъни инсон ва ахлоқи ҷомеаро таҳқир месозад ва агар онҳо қобилияти мустақилона роҳ рафтан надошта бошанд ё метавонанд ба атрофиён ё худашон зарар расонанд, нисбати шахсони дар манзилҳояшон буда - дар асоси аризаи шифоҳӣ ё хаттии истиқоматкунандагони он ҷо, агар тахмин равад, ки рафтори шахсони мазкур ба ҳаёт, саломатӣ ва моликият таҳдиди хатар мекунад, ба муассисаҳои тиббӣ ё қисми навбатдори милитсия расонад ва то ҳушёр шуданашон нигоҳ дорад;
12) шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, предмет ва далелҳоро мувофиқи қонунгузорӣ ба ҳисоб гирад ва маълумоти ин баҳисобгириро истифода барад;
13) шаҳрвандонро аз номатлуб будани рафтори ғайриқонуниашон ба таври расмӣ қаблан огоҳ кунад ва онҳоро ба қайд гирад;
14) дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ бақайдгирӣ, аксбардорӣ, сабти овоз, наворбардории кино ва видео, қайди дактилоскопии шахсони дар содир намудани ҷиноят гумонбар ё барои оворагардӣ ва гадоӣ дастгиршуда, ҳабсшудагон, шахсони дар асоси қарори суд ба ҳабси маъмурӣ гирифташуда ва инчунин шахсонеро, ки дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гумонбар мешаванд ва муқаррар намудани шахсияташон имконнопазир аст, анҷом диҳад;
15) бо мақсади пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо, кофтукови ҷинояткорони пинҳоншуда бо риояи талаботи қонунгузорӣ чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронад, маълумотҳо, аз ҷумла бо истифода аз воситаҳои техникӣ дастрасшударо истифода барад;
16) бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти ҷамъиятӣ, муҳофизати ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, инчунин барои иҷрои баъзе амалиёти тафтишотӣ, ҳуқуқи даромадани шаҳрвандонро ба минтақаҳои алоҳидаи маҳал ва иншоот муваққатан маҳдуд ё манъ кунад, ҳангоми зарурат, ҳаракати нақлиёт ва равуои пиёдагардонро дар кӯчаҳо, роҳҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан маҳдуд ё манъ намояд;
17) барои таъқиб ва дастгир намудани шахси гурезаи маҳкумшуда, шахсони ба ҳабс гирифташуда, кофтукови шахсони ҷинояткор ва шахсоне, ки дар содир кардани ҷиноят гумонбар шудаанд, барои пешгирии бетартибиҳои оммавӣ, вайронкуниҳои тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда, ки ба бехатарии ҷамъиятӣ таҳдид менамоянд, минтақа ва маҳалҳо, иморату иншоотҳои алоҳидаро иҳота намояд ё бандад, инчунин бо ин мақсад нақлиёти мавҷударо тафтиш кунад;
18) ҳангоми пешгирии бевоситаи ҷиноят, таъқиби шахси дар содир намудани ҷиноят гумонбар ва вазъиятҳои фавқулоддаи ба бехатарии ҷамъиятӣ таҳдидкунанда ба хонаҳои истиқоматӣ, ҳудуд ва бинои корхона, муассиса, ташкилот, қитъаҳои замини шахсони алоҳида (ба истиснои намояндагии дипломатӣ, муассисаи консулгарӣ ва намояндагии ташкилотҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда) дохил шавад ва чорабиниҳои оперативӣ – тафтишотӣ гузаронад. Бо тартиби муқарраргардидаи қонун дар муддати 24 соат дар бораи ворид шудан ба манзил, биноҳои корхона, муассиса, ташкилот, қитъаи замини шахсони алоҳида бидуни иҷозати соҳибони онҳо ба прокурор хабар диҳад;
19) ҳангоми мавҷуд будани маводи боэътимод оид ба ҷинояти содиршуда дар соҳаи фаъолияти молиявӣ (бонкӣ ва хазинадории буҷетӣ тибқи тартиби қонунгузории вобаста ба фаъолияти мазкур), хоҷагидорӣ, соҳибкорӣ ва савдо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба биноҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз тобеият ва шакли моликият (ба ғайр аз намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ, намояндагии консулгарӣ ва ташкилотҳои байналмилалие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия доранд), ворид шавад; бо иштироки соҳиби моликият ё намояндаи ваколатдори ӯ азназаргузаронии биноҳои истеҳсолӣ, савдо ва дигар биноҳои хизматӣ, воситаҳои нақлиёт, ҷойҳои нигаҳдорӣ ва истифодаи моликиятро анҷом дода, дар доираи салоҳияташ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҳуҷҷатҳои заруриро тартиб диҳад;
20) аз шаҳрвандон ва шахсони мансабдор ҳуҷҷатҳои дорои аломатҳои сохтакорӣ, инчунин мол, мавод ва моддаҳои дар муомилоти шаҳрвандӣ манъбуда ва моликияти бесоҳибро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ гирад, нигоҳ дорад ва аз рӯи тартиби муқарраршуда мансубияти минбаъдаи онҳоро ҳаллу фасл кунад;
21) ҳангоми мавҷуд будани маводи боэътимод тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон азназаргузаронии шахсӣ, бори дастӣ ва бағоҷи мусофирони ҳавопаймоҳои ғайринизомӣ ва ҳарбиро анҷом диҳад;
22) санадҳоро оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ, иқомати муваққатӣ ва доимии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда, аз тарафи онҳо риоя шудани мӯҳлат ва ҷои муқарраргардидаи истиқоматро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат кунад. Барои муваққатан нигоҳ доштани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки қоидаҳои будубошро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон намудаанд ва барои иқомати муваққатии шахсоне, ки паноҳгоҳ меҷӯянд, марказҳо таъсис диҳад;
23) ба корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият барои харидорӣ, нигоҳдорӣ, интиқоли яроқи оташфишон, тир, маводи тарканда, заҳрнок, моддаҳои сахттаъсири кимиёвӣ ва масолеҳи дигар аз рӯи номгӯи муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба шаҳрвандон бошад, барои харидорӣ, нигаҳдорӣ, гирифта гаштани тиру яроқи оташфишон тибқи қонунгузорӣ иҷозат диҳад ва инчунин иҷозатро бекор карда аз корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва аз шаҳрвандон тиру яроқро ҳангоми вайрон кардани қоидаҳои нигаҳдорӣ, истифодаи онҳо ва инчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун пас гирад, барои фаъолият оид ба фурӯши яроқи ғайринизомӣ ва хизматӣ, қисмҳо ва лавозимоти он иҷозатнома, барои кушодани корхонаҳои таъмири яроқ, тарфгарӣ, мӯҳрзанию зарробӣ, мағозаҳои яроқфурӯшӣ ва тир, стендҳои тирандозӣ иҷозат диҳад;
24) истифодаи воситаҳои нақлиёти бар асари нуқсонҳои техникӣ ба бехатарии ҳаракати роҳ таҳдидкунандаро манъ кунад, воситаҳои нақлиётро боздорад, ҳуҷҷатҳоро оид ба ҳуқуқи истифода ва рондани онҳо, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои мансуби воситаи нақлиёт ва борро бо иштироки ронанда ва ё шахси роҳбалади бор аз назар гузаронад, воситаҳои нақлиётро ҳангоми шубҳаовар будани истифодаи ғайриқонунии онҳо тафтиш намояд, шахсонеро, ки маст буданашон аниқ аст, ҳамчунин онҳоеро, ки барои идораю истифода кардани воситаҳои нақлиёт ҳуҷҷат надоранд, аз идоракунии воситаҳои нақлиёт маҳрум созад, воситаҳои нақлиёти дар кофтуков бударо боздорад, корҳои таъмиру сохтмон ва дигар корҳоро дар кӯчаву роҳҳо, агар талаботи таъмини бехатарии ҷамъиятӣ риоя карда нашавад, маҳдуд ва манъ кунад;
25) ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз ҳама намуди нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва маҳаллӣ (ба истиснои таксӣ) ройгон истифода барад. Кормандони ҷузъу томҳои милитсияи нақлиёт барои сафари хизматӣ кардан дар қатораҳо ва ҳавопаймоҳо дар доираи минтақаҳои хизматрасониашон ҳуқуқи истифодаи ройгон доранд;
26) дар ҳолатҳои таъхирнопазир ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз воситаҳои нақлиёте, ки ба корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ё шаҳрвандон тааллуқ доранд (ғайр аз воситаҳои нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ, консулхонаҳо ва дигар намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ) бемамоният истифода намояд. Бо талаби соҳибони воситаҳои нақлиёт товони зиёни моддии расонидашуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо пурра гардонида мешавад;
27) бо мақсади иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз воситаҳои алоқаи корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, дар ҳолатҳои таъҷилӣ бошад, аз воситаҳои алоқаи шаҳрвандон бемамоният истифода намояд;
28) ба мақомоти дахлдори давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё шахсони мансабдор барои андешидани тадбирҳои ҳатмии бартарафсозии сабаб ва шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат мекунанд, бо зикри мӯҳлати пешниҳоди маълумот оид ба чораҳои андешидашаванда пешниҳодот ирсол намояд; дар сурати сари вақт иҷро накардани талаби пешниҳодот масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони масъулро тибқи қонунгузорӣ ба маълумоти мақомоти болоӣ расонад;
29) бо мақсади пешгирии ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо, муқаррар намудани ҳолатҳои ҷиноят ва шахсони онро содирнамуда, дар кофтукови ҷинояткорони пинҳонгардида, шахсони бе ному нишон гумшуда аз воситаҳои ахбори омма ва алоқа ба таври ройгон истифода барад;
30) шаҳрвандонеро, ки ба милитсия дар иҷрои вазифаҳояш кӯмак расонидаанд, ҳавасманд гардонад, таъин гардидани мукофотро барои кӯмак кардан дар ошкор намудани ҷиноятҳо ва дастгир кардани шахсоне, ки онҳоро содир намудаанд, эълон кунад ва онро ба шаҳрвандон супорад;
31) шахсони боздоштгардидаро то муайян намудани шахсияти онҳо бо иҷозати прокурор, лекин на зиёда аз як моҳ, дар муассисаи қабулу таҳвили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дорад. Дар ҳолатҳои истисноӣ ин мӯҳлат метавонад аз ҷониби прокурор тамдид карда шавад, лекин на зиёда аз ду моҳ. Дар ҳолати фавран гирифта натавонистани иҷозати прокурор, масъалаи додани иҷозат бояд дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун ҳал карда шавад;
Корманди милитсия ҳуқуқ дорад яроқи табелӣ ва воситаҳои махсусро баъд аз гузаштани тайёрии дахлдор бо худ нигоҳ дорад, гирифта гардад ва истифода барад.
Нозири минтақавии милитсия, бояд:
- ҳаёт, саломатӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро аз ҳама гуна ҷиноятҳо ва дигар кирдорҳои номатлуб ҳифз намояд;
- вазъи оперативии минтақаи хизматии милитсияро пурра омӯхта, таҳлил намуда, дар хусуси бартараф намудани ҳолатҳои ниҳоие, ки ҳаёти осоиштаи аҳолии онро халалдор месозанд, чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи он ба роҳбарони болоии худ ахборот пешниҳод намояд;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳраку деҳот, ки доир ба фаъолияти мақомоти милитсия оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткориро ба танзим медароранд, хуб донад ва дар амал татбиқ карда тавонад;
- ҳудуди минтақаи хизматӣ, хусусиятҳои хоси он, ҳама роҳҳо, ҷойгиршавӣ ва реҷаи кории ҳама ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон, анборҳо ва дигар ҷойҳои нигоҳдории боигариҳои молӣ ва пулӣ, инчунин ҷои нигоҳдории яроқи оташфишон ва моддаҳои тарканда, тартиби муҳофизати онҳо, ҷои истгоҳи автомашинаҳо ва дар деҳаҳо бошад, ҳамаи ҷойҳои аҳолинишин, хоҷагиҳои деҳқонӣ, роҳҳои майдонҳои ҷангалзор, ташкилотҳои захиракунӣ ва коркарди маҳсулот, ҷои сабзонидани растаниҳои худрӯй ва растаниҳои нашъадори худрӯй, хоҷагиҳои деҳқонӣ, иҷорагирандаҳо ва ғайраро донад ва доир ба бартараф намудани камбудиҳо чораҷӯӣ намояд;
- аҳолии минтақаи хизматӣ, хусусиятҳои он, машғулияти аҳолӣ, аҳолии муқимӣ, урфу одати маҳаллӣ, расму оин ва маданияти моддию маънавии аҳолии онро, ки дар он зиндагонӣ мекунанд, донад ва қадр намояд;
- шумораи ҷиноятҳои содиргардидаи минтақаи хизматӣ, тарз ва намуди онҳо, вақт ва макони содиршавии онҳо, ҳолатҳое, ки ба содир кардани ҷиноят мусоидат намудаанд, инчунин рафтор ва кирдори шахсони ҷиноятпешае, ки тибқи муқаррароти қонунгузорӣ таҳти назорати мақомоти корҳои дохилӣ қарор дорад, нишонаи ҷинояткорони дар кофтуковбуда, шахсони гумонбарро, ки дар содир кардани ҷиноят, дар кофтукованд, пурра донад ва талаботи ҷабрдидаҳоро таъмин намояд;
- ҷойҳои ҷамъшавии шахсонеро, ки кирдорҳои ношоиста, рафторҳои бадахлоқона ва зиддиҷамъиятӣ доранд, инчунин ҷойҳое, ки мунтазам тартиботи ҷамъиятӣ вайрон карда шуда, ҷиноят содир мешавад, донад ва дар хусуси маҳдуд намудани амалҳои ғайриқонунӣ тадбирҳо андешад;
Нозирони минтақавии милитсия ва кормандони минтақаи хизматии милитсия намояндаи милитсияи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ мебошанд, тибқи фармонҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо барои хизматрасонӣ ба аҳолӣ таъин карда шуда, минтақаи хизматии милитсия дар асоси фармонҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, минтақа ва ноҳияи Рашт ва шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба онҳо вобаста карда мешаванд ва бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дар минтақаи хизматии ба онҳо вобасташуда амал намуда, аз натиҷаи дастовардҳои хизматии солонаи худ дар ҷаласаҳои вакилони халқӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дар ҳолати зарурӣ дар маҷлисҳои сокинони минтақаи хизматӣ ҳисобот медиҳанд.
Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД ҶТ 

 

14.03.2017 11:44
529