Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номгӯи хизматрасониҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ

Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (IC-корти идентификатсионӣ) 
Арзиши як адад варақаи шиноснома – 10 доллари ИМА бо пардохти маблағ бо асъори миллӣ бо қурби муайяннамудаи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи супоридани маблағ (Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2014 таҳти №336 ҳаҷми хироҷ барои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 10 доллари ИМА муқаррар карда шудааст).
- муҳлати барасмиятдарории шиноснома то 15 рӯз.
Барои гирифтани шиноснома/IC ҳангоми бори аввал аз ҷониби шаҳрванд шаҳодатномаи таваллуд, шиноснома ва нусхаи шиносномаи падар, модар ё намояндаи қонунии ӯ, ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирӣ дар ҷойи истиқомат гузоштан ё аз рӯи маҳалли будубоши муваққатӣ зарурӣ (дафтари ҳавлӣ ё ордери хонаи хизматӣ/давлатӣ, маълумотнома аз ҷамоат),  гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда, як дона сурати сиёҳ-сафеди андозаи 3,5 х 4,5 см бе кулоҳ, расиди пардохти маблағи муқарраргардида пешниҳод карда мешавад. 
Бо хоҳиши муроҷиаткунанда барои ворид намудан дар шиноснома маълумот оид ба гурӯҳи хун ва резус-фактори он, шиноснома, ки дар он муҳр оид ба гурӯҳи хун ва резус-фактор ё маълумотномаи муассисаи тиббӣ, ки аз ҷониби шахси масъул бо муҳр тасдиқ гардидааст, пешниҳод карда мешавад.

Шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин дода мешаванд:
- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шаҳодатномаи таваллуд барои шаҳрвандони то синни 16;
- расид дар бораи пардохти боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳо.
Барои шаҳрвандони ноболиғи то синни 16 ҳамчунин розигии ба таври нотариалӣ тасдиқшудаи падар, модар, васӣ ё намояндаи қонунии ӯ пешниҳод карда мешавад.
Арзиши як адад варақаи шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот дар давоми 15 рӯзи корӣ - 75 доллар, боҷи давлатӣ - 108 сомонӣ ва хизматрасониҳо - 40 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, №546–хироҷи консулӣ - 75 доллари ИМА муайян шудааст. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004, “Дар бораи боҷи давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2023, №2012 «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо 108 сомонӣ муайян шудааст. Нархи хизматрасонӣ ба маблағи 40 сомонӣ бо Фармони ВКД аз 5 июни соли 2013 таҳти №400б/з тасдиқ шудааст. 
Дар асоси банди 46 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, №294 барои таъҷилӣ тайёр намудани шиносномаи хориҷӣ дар муҳлати 7 рӯз (100%) ва дар муҳлати 3 рӯз (200%)  ҳаҷми пардохт ба таври зерин меафзояд:
Дар давоми 7 рӯзи корӣ: 150 доллари ИМА, боҷи давлатӣ- 108 сомонӣ, барои хизматрасониҳо - 40 сомонӣ.
Дар давоми 3 рӯзи корӣ - 225 доллари ИМА, боҷи давлатӣ- 108 сомонӣ, барои хизматрасониҳо - 40 сомонӣ.
Арзиши шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ барои ноболиғон дар давоми 15 рӯзи корӣ - 25 доллари ИМА, барои хизматрасониҳо - 40 сомонӣ, дар давоми 7 рӯзи корӣ - 50 доллари ИМА, барои хизматрасониҳо - 40 сомонӣ ва дар давоми 3 рӯзи корӣ - 75 доллари ИМА, барои хизматрасониҳо - 40 сомонӣ.

Бақайдгирӣ ва тамдиди шиносномаҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд
Барои бақайдгирӣ ва дарозкунии муҳлати қайди шиносномаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2004, №19 «Дар бораи боҷи давлатӣ» 72 сомонӣ боҷи давлатӣ ва тибқи Фармони ВКД аз 5 июни соли 2013 таҳти №400б/з ба тартиби зерин хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ пардохт карда мешавад:
- то 3 моҳ 72 сомонӣ боҷи давлатӣ, 100 сомонӣ хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- то 1 сол 72 сомонӣ боҷи давлатӣ, 190 сомонӣ хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Барои бақайдгирӣ ва дарозкунии муҳлати қайди шаҳрвандони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки бо онҳо рафтуомади бераводид муқаррар шудааст:
- то 3 моҳ 72 сомонӣ боҷи давлатӣ, 50 сомонӣ хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- то 1 сол 72 сомонӣ боҷи давлатӣ, 90 сомонӣ хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Барои бақайдгирӣ ва дарозкунии муҳлати қайди донишҷӯёни хориҷӣ (тахсили рӯзона):
- то 3 моҳ 72 сомонӣ боҷи давлатӣ, 50 сомонӣ хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- то 1 сол 72 сомонӣ боҷи давлатӣ, 90 сомонӣ хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бақайдгирӣ ва дарозкунии муҳлати қайди гурезагон
Барои бақайдгирӣ ва дарозкунии муҳлати қайди гурезагон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2004, №19 «Дар бораи боҷи давлатӣ» 72 сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт карда мешавад.

Даъватномаи шаҳрвандони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои додани даъватномаи шаҳрвандони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2004, №19 «Дар бораи боҷи давлатӣ» 72 сомонӣ боҷи давлатӣ ва тибқи Фармони ВКД аз 5 июни соли 2013 таҳти №400б/з 40-сомонӣ хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ пардохт карда мешавад.

Рухсатномаи воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ ба минтақаи наздисарҳадӣ
Барои додани рухсатномаи воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ ба минтақаи наздисарҳадӣ тибқи Фармони ВКД аз 5 июни соли 2013 таҳти №400б/з 20-сомонӣ хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ пардохт карда мешавад.

Маълумотномаи бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ
Барои додани маълумотномаи бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ тибқи Фармони ВКД аз 5 июни соли 2013 таҳти №400б/з 10-сомонӣ хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ пардохт карда мешавад.

Муайянкунии мансубият ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои баррасии мавод оид ба муайянкунии мансубият ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2004, №19 «Дар бораи боҷи давлатӣ» 144 сомонӣ боҷи давлатӣ ва тибқи Фармони ВКД аз 5 июни соли 2013 таҳти №400б/з 10-сомонӣ хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ пардохт карда мешавад.

Қабул ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баромадан аз он 
Барои баррасии мавод оид ба қабул ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2004, №19 «Дар бораи боҷи давлатӣ» 144 сомонӣ боҷи давлатӣ ва тибқи Фармони ВКД аз 5 июни соли 2013 таҳти №400б/з 30-сомонӣ хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ пардохт карда мешавад.

Барои баасмиятдарории дафтари ҳавлӣ
Барои барасмиятдарории дафтари ҳавлӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Фармони ВКД аз 8 августи соли 2016 таҳти №474 25-сомонӣ хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ пардохт карда мешавад.

Бақайдгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои бақайдгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2004, №19 «Дар бораи боҷи давлатӣ» 18 сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт карда мешавад.

Варақаи бақайдгирии муваққатии шаҳрвандони Тоҷикистон
Барои додани варақаи бақайдгирии муваққатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2004, №19 «Дар бораи боҷи давлатӣ» 18 сомонӣ боҷи давлатӣ ва тибқи Фармони ВКД аз 5 июни соли 2013 таҳти №400б/з 20-сомонӣ хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ пардохт карда мешавад.

Санади зист ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд
Барои додани санади зист ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ва тамдид намудани муҳлати он дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2004, №19 «Дар бораи боҷи давлатӣ» 144 сомонӣ боҷи давлатӣ ва тибқи Фармони ВКД аз 5 июни соли 2013 таҳти №400б/з барои додани санади зист 800-сомонӣ ва тамдиди муҳлати амали он 400 сомонӣ хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ пешбинӣ шудааст.

Шаҳодатномаи силсилаи «А» ба шахсони бешаҳрванд
Барои додани шаҳодатномаи силсилаи «А» ба шахсони бешаҳрванд дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2004, №19 «Дар бораи боҷи давлатӣ» 144 сомонӣ боҷи давлатӣ ва дар асоси Фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2013 таҳти №400б/з хизматрасониҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ 800-сомонӣ ва тамдиди муҳлати амали он 400 сомонӣ пардохт карда мешавад.

29.08.2017 15:07
558