Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Содир гардидани ҷинояти авбошӣ бо истифода аз олоти халандаю бурранда

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 9-уми январи соли 2025, тахминан соати 14:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Навбаҳори пойтахт қарор доштанаш бе ягон асос аз ҳиссиёти авбошӣ бо ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Душанбе муноқиша намуда, ӯро бо истифода аз олоти халандаю бурранда 2 маротиба дар қисмати чапи китфаш зарба задааст. 
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, баъди муоинаи тиббӣ ба хона ҷавоб дода шуд. 
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 9-уми январи соли 2025, тахминан соати 23:00 аз ҳиссиёти авбошӣ ва ҳисси бадбинӣ бо шавҳари хоҳараш марди 41-солаи сокини пойтахт ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд якчанд маротиба дар паҳлуи дастонаш, қафаси сина ва пушташ зарба задааст. 
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

11.01.2025 8:11
38