Ифшо гардидани кирдори қаллобӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур ҷойи кораш намояндаи фурӯши ҶДММ “Султони Кабир” муроҷиат намудааст, ки аз соли 2023 то соли 2024 дар ҶДММ “Султони Кабир”, Фаттоев Суҳроб Ҳотамҷонович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 1 миллиону 839 ҳазору 420 сомонӣ маҳсулоти хӯрокворӣ, аз қабили “равған, орд, шакар, тухм” гирифта ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода гаштааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.