Конститутсия
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар чунин як давраи басо мушкили бӯҳрони сиёсӣ масъулияти олии созандагиро ба зиммаи хеш гирифта, ба он муваффақ шуд, ки манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳалливу минтақавӣ боло гузорад. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, эҳтироми озодӣ, ҳуқуқи инсон, шаҳрванд ва бо мақсади демократӣ кардани ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона бори нахуст дар таърихи давлатдории навин Конститутсияи нави мамлакатро (6 ноябри соли 1994) бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки дар он ҳама дастовардҳои башарият дар иртибот ба арзишҳои олӣ, аз ҷумла ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дарҷ шудаанд.
Бори нахуст дар таърихи навини кишвар Конститутсия (Сарқонун) имконияти инкишофи ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ эълон намуда, ҳуқуқи шаҳрвандон ва ширкати онҳоро дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дарҷ намуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии ҷумҳуриро таҳким бахшида, аз роҳи эътирофи Президенти ҷумҳурӣ ба сифати Сарвари давлат ва Раиси Ҳукумат таъсиси ҷумҳурии навъи президентиро муайян кард.
Конститутсия санадест, ки шароити мушаххаси ҷомеаро дар мадди назар мегирад ва дар асоси он таҳия мешавад ва наметавонад хориҷ аз муҳити мавҷуда амал намояд. Аз ин рӯ, он санадест, ки метавонад тағйиру такмил дода шавад ва ба воқеият ҷавобгӯ бошад, дар акси ҳол арзиши меъёрии ҳуқуқии худро аз даст медиҳад.
Бо дарки ин ҳақиқат ва бо дарназардошти таъмини ваҳдати миллӣ ва ба хотири идомаи давлату давлатдории тоҷикон ҳам роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам сарварони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин дар раванди музокироти тӯлонии миёни тоҷикон пешниҳод намуда буданд, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шаванд. Маҷлиси Олӣ қарорро «Дар бораи гузаронидани раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намуд, ки тибқи он рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ муайян гардида, 26 сентябри соли 1999 як силсила тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар ворид карда шуданд.
Дар асоси тағйиру иловаҳои воридшуда, бори нахуст дар таърихи сиёсии Тоҷикистон парламенти думаҷлисаи доимамалкунандаи касбӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, ки он барои рушди парламентаризми миллӣ ва амалияи демократии давлату давлатдории мо мусоидат намуд.
Тағйиру иловаҳо дар бахши ҳокимияти иҷроия асосан ба масъалаи салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут буданд, ки онҳо мӯҳлати салоҳияти президентиро аз панҷ то ҳафт сол зиёд намуда, ба ӯ ҳаққи мустақилона таъсис ва барҳам додани вазорату кумитаҳои давлатӣ, ҳаққи пешниҳоди мустақилонаи масъалаҳо, ба шумули тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, ба раъйпурсии умумихалқӣ, ҳаққи мустақилона таъин ва озод намудани намояндагони салоҳиятдори Тоҷикистон ва ғайраро додааст.
Ниҳоди комилан нави конститутсионӣ - Шӯрои адлия маҳсуб мешавад, ки он номзадии судяҳои Суди ҳарбӣ, судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанберо барои таъин ва озод намудан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
Ҳамин тариқ, таҳия ва қабули нахустин Конститутсияи давлати мустақили Тоҷикистон ва ду маротиба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он марҳалаҳои гуногун ва хеле мушкилу махсусро сипарӣ кард. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми сиёсии даврони муосир бунёд гузошт. Бояд гуфт, ки низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсия бо риояи арзишҳои дигари умумибашарӣ барои рушди ояндаи кишвар бисёр мусоидат хоҳад намуд.