Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи табиат, истифодаи одилона ва барқарорсозии захираҳои он, беҳдошти муҳити зист вазифаи аввалиндараҷаи давлат, кори ҳамаи одамон ва қарзи ахлоқии ҳар як шаҳрванд аст. Мафҳуми муҳити зист муҳити маскунии одам, биосфераи зиндагии ҳамаи мавҷудоти зиндаи рӯйи замин аст: мафҳуми муҳити зист низоми ягонаи табиати табиӣ ва он қисматҳои онро, ки ба сабаби фаъолияти одам дигаргун гаштааст, фаро мегирад. Ашхоси юридикӣ ва воқеӣ ҳангоми ташаккул додани комплексҳои ҳудудиву истеҳсолӣ, рушди саноат ва соҳаи кишоварзӣ, бунёду азнавсозии шаҳрҳо, дигар мавзеъҳои аҳолинишин вазифадоранд, ки меъёрҳои то ҳадди охир раво донисташудаи дараҷаи сарборӣ ба муҳити табиии зисти минтақаро бо дарназардошти имкониятҳои потенсиалии он, зарурати истифодаи оқилонаи ҳудудҳои табиӣ бо мақсади таъмини шароитҳои нисбатан мусоиди ҳаёти аҳолӣ, роҳ надодан ба вайроншавии системаҳои табиии экологӣ ва фарорасии тағйироти барқарорнашаванда дар муҳити табиии зист ба инобат гиранд.
Корхонаҳо, ташкилот ва муассисаҳо, ҳамчунин шаҳрвандон вазифадоранд коидаҳои технологӣ ва талаботи ҳифзи табиатро риоя карда, захираҳои табииро оқилона истифода кунанд ва барқарор созанд, барои беҳдошти муҳити зист тадбирҳои самарабахш андешанд. Моддаи 42-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат».
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд табиатро эҳтиёт кунанд, сарватҳои онро ҳифз намоянд ва талаботи қонунгузории ҳифзи табиатро риоя кунанд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳо ва вазифаҳои худро мутобиқи қонунгузории амалкунанда дар ҳаёт татбиқ месозанд. Асоси сабзшавии бештари муҳити зист ва инкишофи олами зиндаро об ташкил мекунад. Дар ин боб Пифагор (625-574 то милод) қайд кардааст, ки «Вазифаи табиатро ҳимоя кардан аз як ҷавҳар ба амал меояд ва ин ҷавҳар об аст». Бояд қайд кард, ки нуктаи назари Пифагор бо зикри Қуръон, ки баъди 900 сол иншо шудааст, мувофиқ аст. Дар ояти 30 сураи 21-и Қуръон омадааст, ки «Ва пайдо кардем аз об ҳама чизи зиндаро..». Моҳи декабри соли 2003 СММ бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қароре қабул кард, ки Даҳсолаи (солҳои 2005-2015) амалиёти «Об барои ҳаёт» ном дорад. Бар асоси барномаҳо ва нақшаҳои амалиёти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2005-2015 ин амалиёт бо беҳдошти муҳити зист, экология ва санитарияи на танҳо Тоҷикистон, балки дигар минтақаҳо сабаб шуд.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи табиат ва объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихӣ-фарҳангӣ», дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст. Объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ, ки ҳифзи онҳо вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад, ёдгориҳои манқул ва ғайриманқулро фаро мегиранд. Ёдгориҳои ғайриманқул аз ёдгориҳои таърихӣ - биноҳо, иншоот, ҷойҳои ёдгорӣ, муҷассамаҳову обидаҳо, ёдгориҳои археологӣ, ғорҳо, қароргоҳҳо, шаҳрҳо, хоктеппаҳо, боқимондаҳои мавзеи сукунати қадимӣ, истеҳкомҳо, системаҳои обпартоию обёрӣ, роҳу купрукҳо, қалъаҳо ва қурғонҳои алоҳида; офаридаҳои якояи инсону табиат, ҳамчунин минтақаҳо, аз ҷумла ҷойҳои маскунияти қадимӣ мебошанд, ки аз нигоҳи таърих, бастоншиносӣ ва антропология арзишманданд ва аҳамияти калони илмиву амалӣ доранд. Ёдгориҳои манқул аз объектҳои ягона-бозёфтҳои археологӣ, ашёи қадимӣ, муқаддасоти таърихӣ, асарҳои бадеӣ (мусаввараҳо, графика, санъати амалӣ, кино ва суратнигорӣ) иборатанд, ки дар осорхонаҳо, фондҳо, китобхонаҳо, анборҳо, коллексияҳои гуногуни давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ маҳфуз дошта мешаванд. Соҳибони объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ бояд аз мақомоти салоҳиятдор шиносномаи намунаи муқаррарии объектҳои ҳифзи мерос бигиранд.
Давлатҳои тарафдори Конвенсияи мазкур истиқлолияти давлатҳоеро, ки дар ҳудудашон мероси фарҳангӣ ва табиии дар моддаҳои 1 ва 2 муайянгардида ҷойгиранд, комилан эҳтиром намуда ва ҳуқуқҳои пешбиникардаи қонунгузории миллиро нисбати мероси нишондодашуда маҳдуд насохта, эътироф менамоянд, ки вай мероси умумии аҳли башар аст ва барои ҳифзи он ҳамаи ҷомеаи байналмилалӣ вазифадор аст, ҳамкорӣ намояд. (Моддаи 6-и Конвенсия дар бораи ҳифзи мероси умумиҷаҳонии фарҳангӣ ва табиӣ).
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат» (аз 27.12.1993), «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихӣ-фарҳангӣ”, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст. Дар моддаи 13-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигариҳои табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Дар бораи вазифаи ҳар як шаҳрванд бобати хифзи табиат дар моддаи 44-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шудааст, ки ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи табиат» ва­ зифаҳои қонунгузории ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи табиат зикр гардидааст. Вазифаҳои қонунгузории ҳифзи табиат ба танзим даровардани муносибатҳо дар соҳаи ҳамкории ҷомеа ва табиат бо мақсади нигоҳдории сарватҳои табиӣ ва муҳити табиии маскунияти одам, истифодаи оқилона ва такрористеҳсолкунии захираҳои табиӣ, бартарафсозии таъсиррасонии аз нигоҳи экологӣ хавфноки фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолиятҳои дигар, бехдошт ва беҳбуди сифати муҳити зисти табиӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар соҳаи нишондодашудаи муносибатҳо ба манфиати наслҳои имрӯза ва фардоинаи одамон мебошад.
Корхонаҳо, ташкилот ва муассисаҳо, ҳамчунин шаҳрвандон вазифадоранд, ки қоидаҳои технологӣ ва талаботи ҳифзи табиатро риоя карда, захираҳои табииро оқилона истифода намоянд ва барқарор созанд, барои беҳдошти муҳити зист тадбирҳои самарабахш андешанд. (Моддаи 42-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи табиат").
Барои ташкили фаъолияти пурсамар ва мақсаднок оид ба таъмини сифати зарурии муҳити зист Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст. Ғайр аз ин барномаҳои давлатии минтақавӣ ва махаллӣ таҳия гардидаанд, ки дар онҳо тадбирҳо оид ба ҳифзи табиат, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ, андешидани тадбирҳои пурсамар барои беҳдошти муҳити зисти зиндагии одамон бо дурнамои оянда муайян гардидаанд. Яке аз мисолҳои барҷастаи он сохтмон ва мавриди истифода карор додани силсиланеругоҳҳои обию барқии Роғун, Сангтуда-1, Сангтуда-2 ва як қатор НОБ-ҳои хурд дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандони ба саломатӣ ва амволи шаҳрвандон, хоҷагии халқ ва табиат бо ифлос кардани муҳити табиии зист, вайрон кардан, нобуд сохтан ва хароб сохтан, истифодаи ғайриоқилонан захираҳои табиӣ, вайрон сохтани системаҳои табиии экологӣ ва дигар вайронкуниҳои қонунгузории ҳифзи табиат зараррасонда вазифадоранд, ки онро мутобиқи қонунгузории амалкунанда таллофӣ намоянд. (Моддаи 79-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат»).
Вазифаи конститутсионии ҳар як сокини Тоҷикистон аз ҳифзи табиат ва арзишҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва дарки эҳсоси масъулиятшиносӣ дар ин ҷода иборат аст. 

27.08.2020 15:48
83