Миннатдории рӯзноманигорон
№106 аз « 15» августи соли 2014
Ба вазири корҳои дохилии ҶТ
генерал – лейтенанти милитсия
Раҳимзода Рамазон Ҳамро
Мўҳтарам Вазир!
Мо аҳли эҷоди ҶДММ «Чархи гардун» бо дастгирии Шумои азиз рўзи 14 августи соли ҷорӣ дар истироҳатгоҳи «Садбарг»-и ВКД ҶТ дар мавзеи Ромит истироҳат намуда як рӯзи хушро паси сар кардем. Аз ин лиҳоз миннатдории хешро ба Шумои азиз баён намуда орзуи сарбаландиву тансиҳатии Шуморо мекунем.
Ба самъи Шумо мерасонем, ки тамоми кормандони истироҳатгоҳ нисбати на танҳо мо, балки меҳмонони дигар низ хеле хушмуомила буданду худи мавзеи истироҳатгоҳ дар муддати як соли охир тамоман дигаргун шуда, боз ҳам зеботару беҳтар гашта дорои тамоми шароити истироҳат шудааст. Мехоҳем аз фурсат истифода бурда барои оши палави хушмаззаи сардор Наримон Носиров низ ташаккур гӯем.
Мо журналистон медонем, ки Шумо як ҷавонмарди асилу дилсўзи миллат ҳастед ва пайваста барои пешрафти соҳа мекушед. Ба маврид аст қайд намоем, ки айни замон дар сохтори роҳбарикунандаи ВКД ҶТ бо роҳбарии Шумо як дастаи кормандони касбии милитсия кору фаъолият менамоянд ва мо аз ин шодем. Умедворем ин муносибатҳои ҳамкорӣ дар оянда низ густариш меёбанд ва бароятон мегўем, ки мо ҳамеша дар бари Шумо ҳастем.
Сипосгузорем.
Аз номи тамоми аҳли эҷод Ҷамила Ҳусейнова,
ҷонишини сармуҳарририрони ҳафтаномаҳои
«Чархи гардун» ва «Вечерний Душанбе»