Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мактуби миннатдорӣ

Мусаллам аст, ки варзиш дар ҳаёти инсоният ҳамчун таҳкими ваҳдату ягонагӣ, дӯстӣ ва ҳамкории на танҳо варзишгарон, балки халқҳову давлатҳои зиёд маҳсуб ёфта, барои насли ҷавон ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмию таркиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дустӣ, бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба халқу миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди тарафайн хидмат мекунад.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, барои дастгирӣ ва саҳми муносиби Шумо ва тамоми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар баргузории чорабинии мазкур изҳори сипос менамоем.

Итминони комил дорем, ки бо дастгирии пайвастаи Шумо ва шахсони барӯманди миллат варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ бо эҳсоси волои ватандӯстиву худогоҳӣ, баҳри рушду ободии кишвари тозаистиқлоламон ва боз ҳам баланд бардоштани парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҷидду ҷаҳд ва талош менамоянд.

Бо эҳтиром,

Раиси Кумитаи ҷавонон,

варзиш ва сайёҳии назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                          А. Абдуллозода        

23.08.2014 0:00
8