Арзи сипоси тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон
Ба Вазири корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
генерал-лейтенанти милитсия
Раҳимзода Рамазон Ҳамро
С И П О С Н О М А
Маъмурияти Хонаи кӯдакони шаҳри Турсунзода сипосномаи худро ба Шумо пешниҳод намуда, барои дастгирӣ ба кӯдакони ятиму бепарастори Хонаи кӯдакони мазкур, ки доимо ба онҳо дасти ёрӣ дароз менамоед, сипоси худро ирсол менамояд.
Тарбиятгирандагони 178-нафараи Хонаи кӯдакони шаҳри Турсунзода ба Шумо барои дасткушодӣ ва олиҳимматӣ изҳори миннатдорӣ намуда, дар симои Шумо ҷавонмарди ҳақиқӣ ва фарзанди фарзонаи миллатро мебинанд, ки пайваста ба ятимону ниёзмандон хайрхоҳӣ намуда, кӯмаки беғаразонаи худро дареғ намедоред.
Чӣ тавре, ки бузургон гуфтаанд:
Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро,
Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.
Бо эҳтиром,
Директори Хонаи кӯдакони
шаҳри Турсунзода Б.Тешаев