Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолати азонихудкунии 600 сар чорво

Ба ШВКД дар ноҳияи Ашт аризаи пирамарди 78-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи апрели соли 2024, марди 41-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки қаблан соли 2005 бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, 600 сар чорвои майдаи шохдорро ҳамчун чупон ба уҳдаи худ гирифта, нигоҳубин карда, аз инҳо 131 сар чорвои майдаи шохдорро азонихуд кардааст. 
Зарари расонидашуда 327 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

04.03.2025 9:11
26