Шиносоӣ бо фаъолияти Шурои ҷамъиятии назди РВКД дар шаҳри Душанбе
11 марти соли 2025 Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло, Раиси шурои ҷамъиятии назди Вазорати корҳои дохилӣ Ятимзода Ҳотам Акрам ва намояндаи Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, полковники милитсия Шоҳиён Алохуҷа аз фаъолияти кории Шурои ҷамъиятии назди РВКД дар шаҳри Душанбе дидан намуданд.
Зимни ташриф, ҳайатро сардори Шурои ҷамъиятии назди РВКД дар шаҳри Душанбе Ёров Давлат қабул намуда, бо шароити кории шуро шинос намуд. Мавсуф зикр намуд, ки шуро аз соли 2014 то инҷониб кору фаъолият намуда, бо ҳамаи техникаву таҷҳизотҳои зарурӣ таъмин мебошад.
Дар робита ба ин, Ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, генерал-майори милитсия Азизулозода С.А. аз фаъолияти пурсамари Шурои ҷамъиятии назди РВКД дар шаҳри Душанбе изҳори хушнудӣ намуда, иброз намуд, ки воқеан фаъолияти шуро дар ташкил ва баргузор намудани вохӯриҳо ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа хело назаррас мебошад.
Ҳангоми боздид барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолияти шуро ва таъмин намудани онҳо бо шароити мусоиди корӣ тавсияҳои судманд дода шуд.