Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтироманд!

Рӯзи 8 март нозирони минтақавии милитсия дар шаҳри Хуҷанд бо баргузории аксияи «Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтироманд» дар минтақаи маъмурии вобастагардидаи худ ба занҳои роҳгузор гул тақдим намуданд. Ташаббуси мазкур ба он ишорат мекунад, ки дар ҷомеа мақоми бонувон ҷойгоҳи хоса дошта, эҳтирому меҳрубонӣ нисбати зан-модар вазифаи муқаддас аст. 
Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикистон ва қариб дар тамоми давлатҳои рӯйи олам анъанае роиҷ мебошад, ки дар Рӯзи байналхалқии занон, яъне 8 март занҳо аз мардон таваҷҷуҳ, гул ва туҳфаҳо интизор мешаванд. 
Дар Ҷумҳурии Тоҷикситон 8 март «Рӯзи Модар» эълон шудааст ва дар ин рӯз нисбати бонувон беҳтарин суханҳои лутфомезу табрикотӣ гуфта мешавад. Дар баробари ин ба модарону занон тақдими туҳфаҳо сурат мегирад ва ин анъана то андозае занҳоро ифтихорманду болидарӯҳ менамояд.
Давоми рӯз, дар рафти баргузории аксияи «Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтироманд» ба як зумра занҳо аз ҷониби нозирони минтақавии милитсия  гулҳои тару тоза тақдим гурдид.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

12.03.2025 16:14
14