Эҳтирому гиромидошти занону бонувон дар Раёсати ВКД вилояти Суғд
Рӯзи 8 март дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Модар ҷаласаи тантанавии идона баргузор гардид. Ин ҷашни зебою фархундаро, ки эҳтиром ба зан-модар ва бузургдошти рисолати ӯро ифода менамояд роҳбарият ва ҳайати шахсии милитсияи Суғд бо самимият таҷлил намуданд. Зеро эҳтиром ба зан-модар ва қадршиносии заҳмати ӯ қарзи фарзандии ҳар як шахс аст.
Чорабинии тантанавиро сардори Раёсат генерал- майори милитсия Пирзода Маҳмадсафар Қузратулло бо маърӯзаи табрикотӣ оғоз бахшида аз номи Вазири корҳои дохилӣ ва роҳбарияти Раёсат корманд-занони мақомот, собиқадорзанҳо, кормандони техникӣ ва дар симои онҳо тамоми занону модарони ҷумҳуриро табрику муборакбод намуд.
Таъкид гардид, ки зан - модар дар ҳақиқат сазовори ҳамагуна қадршиносию дусторӣ, васфу ситоиш ва муҳаббату ғамхорӣ мебошад. Чи дар гузаштаи таърихӣ ва чӣ имрӯз дар ҷомеа зан- модар мартаба ва аҳамияти бузургеро соҳиб аст. Танҳо зан - модар аст, ки барои фарзанд ва осоиштагии хонадон ҳамагуна сахтиҳои рӯзгорро таҳаммул мекунад.
Ба шарофати зан - модар ҳаёт дар рӯи замин пойдор ва рисолати пурзаҳмати тарбиятгарӣ бардавом аз насл ба насл мегузарад. Маҳз ҳамин фазилату хислати офаридгориву ғамхорӣ мақому манзалати Модаронро боз ҳам муқаддасу беназир мегардонад. Чандин мисолҳо аз шуҷоат ва фидокориҳои занҳо сабт шудааст, ки ин ҳамаро фарҳангиён бо килки эҷод зеботару рангинтар сохтаанд.
Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки мақоми зан дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта шавад.
Роҳбарияти олиии мамлакат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеъи онҳо дар ҷомеа барномаҳои зиёде таҳия ва қабул кардааст, ки баҳри рушди ҳамаҷонибаи занону бонувони тоҷик дар тамоми соҳаҳо равона шуда, ояндаи дурахшону пешрафт ва мақоми занро дар ҷомеа таъмин менамояд.
Дар баробари мардон ифои вазифа намудан дар сиёсат ва идоракунии давлатӣ, аз ҷумла дар сафи милитсия фаъолият кардани занону бонувони матинирода нишонаи ҷасорат, пуртоқативу фидокории зани тоҷик аст. Таҷрибаи ҳаётӣ исбот намудааст, ки дар ҷойе, ки зан ҳаст раҳму шафқат, эҳтирому накукорӣ, адолату инсондустӣ ҷой дошта зиндагӣ бо рангу таровиши хосса дӯстдоштанӣ мегардад.
Ин ва дигар таманниётҳо дар ҷараёни чорабинӣ ба ифтихори зан-модар садо дод.
Дар идома ба муносибати «Рӯзи Модар» бо фармоишҳои ВКД ва Раёсати Вазорат дар вилояти Суғд якчанд корманд-занони мақомот бо назардошти кордониву масъулиятшиносӣ дар самти иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ ва сифатҳои шахсӣ бо медалу нишонҳои соҳавӣ, Ифтихорнома ва Сипоснома сарфароз карда шуданд.
Илова бар ин, бо ташаббуси роҳбарияти Раёсат ҳамаи корманд-занони дар сафи милитсияи Суғд фаъолиятбаранда ва кормандони техникӣ бо туҳфаҳои пулию молӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.