Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолатҳои азонихудкунӣ 

Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода аризаи роҳбари ҶДММ “САТУРН-1” марди 36-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав ворид гардидааст, ки моҳи октябри соли 2024, зани 32-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав, корманди ҶДММ “Сатурн-1” бо мақсади азонихудкунӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр аз амбори ҶДММ “Сатурн -1” маҳсулотҳо аз қабили собунҳои навъи “Рамис” ва хокаҳои либосшӯии “Рамис” ва дигар моеъҳои либосшӯиро ба маблағи 158 ҳазору 938 сомонӣ гирифта, азонихуд кардааст. 
Инчунин зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини шаҳри Панҷакент, ҷойи кораш роҳбари кооперативӣ тиҷоратии “Шодмон Усаров”-и шаҳри Панҷакент бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда дар давоми солҳои 2020-2024  дар давраи фаъолияти кориаш аз АИО «Қайнар-Авто», ба миқдори 6 миллиону 365 ҳазору 233 метри мукааб оби полезиро, ки маблағи хизматрасонии он 158 ҳазору 119 сомониро ташкил медиҳад, барои коорперативии тиҷоратии мазкурро бо оби полезӣ таъмин намудан гирифта, аз ҳисоби ҳақи хизматрасонии оби полезӣ ба маблағи 68 ҳазору 196 сомонӣ, ки саҳмдорон ба ӯ бовар карда супорида буданд,  тасарруф намуда, оби полезиро бе сарусомона тақсим ва исрофкорӣ карда, ба суратҳисоби идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи «Зарафшон», пардохт накарда азонихуд намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ, оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

13.03.2025 8:22
26