Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди 36-сола бо ҷурми қаллобӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда аз  27-уми декабри соли 2023 то 2-юми апрели соли 2024, бо роҳи Шарифзода ба боварии марди 33-солаи сокини пойтахт, ҷойи кораш роҳбари  ҶДММ “Султони Ҳаким” даромада, аз ӯ ба маблағи 262 ҳазору 910 сомонӣ маҳсулоти хӯрока, аз қабили шакар ва биринҷро гирифта, аз ин маблағ 65 ҳазору 467 сомониашро баргардонида, боқимонда 197 ҳазору 443 сомониашро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

13.03.2025 8:26
62