Аз ҷониби кормандони милитсия якчанд ҳолати қаллобӣ ошкор шуд
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 10-уми феврали соли 2024, тахминан соати 09:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Ҷ.Расулови ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе қарор доштанаш, бо роҳи фиреб ба боварии марди 27-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 17 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе як манзили истиқоматӣ аз биноҳои навсохтмон гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Инчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 44-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2022, марди 53-солаи сокини ноҳияи Ёвон бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, манзили истиқоматиашро ба маблағи 110 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки маблағашро дар муддати ду моҳ медиҳад, аммо гумонбаршаванда манзили истиқоматиро ба дигар нафар фурӯхта маблағи ба дастовардаашро ба манфиати шахсиаш истифода бурдааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.