Коркарди лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» ва «Дар бораи мақомоти корҳои дохилӣ»
4-уми апрели соли 2025 тибқи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар бинои Вазорати корҳои дохилӣ таҳти роҳбарии Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа иштирокчиён бо фармоиши Вазорати корҳои дохилӣ оид ба таъсис додани гурӯҳи корӣ ҷиҳати таҳия ва коркарди лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» ва «Дар бораи мақомоти корҳои дохилӣ» шинос карда шуданд.
Таъкид гардид, ки гурӯҳи кории мазкур тибқи супориши Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар доираи бандҳои 1 ва 2 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 таъсис дода шуда, аз масъулин дарки баланди масъулиятнокиро ҳангоми таҳия ва коркарди лоиҳаҳо тақозо менамояд.
Зимнан гуруҳи корӣ вазифадор гардиданд, ки тибқи муҳлатҳои муқарраргардида ва бо назардошти таҷрибаи қонунгузории давлатҳои пешрафта ҷиҳати таҳия ва коркарди лоиҳаҳо тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.
Фаррух Самадзода