Ғайриқонуни ҳай карда бурдани автомашина
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи апрели соли 2024, аз маҳаллаи Фалакони ноҳияи Шоҳмансур шахси номаълум автомашинаи шахсиаш тамғаи “Чанху”-ро ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст, ки ба ҷабрдида 15 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 27-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ содир намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.