Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатии бародар
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини шаҳри Конибодом бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 20-уми марти соли 2025, тахминан соати 13:20-дақиқа, дар манзили истиқоматиаш бо бародараш марди 51-солаи сокини ҳамон ҷо, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, муноқиша карда, бо дастонаш ва як адад предмети оҳанин «қубур» ба сару рӯяш ва аъзои баданаш зарба зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида ҳамчун зарари миёна ба саломатӣ мансуб мебошад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 111 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.