Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ҳодисаҳои дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Муъминобод бо ариза марди 28-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 19 ба 20-уми апрели соли 2025, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи молҳои сохтмониаш, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Чорсуи ноҳияи Муъминобод шуда аз онҷо 30 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ноҳияи Муъминобод бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 7-уми апрели соли 2025, бо шариконаш “Маъруф” ва “Абубакр” ном шахсон бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайби ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ 1-адад телелефони мобилии тамғаи “Айфон 16-промакс”-ро дуздида,  аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 16 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Барои муайян ва дастгир кардани “Маъруф” ва “Абубакр” ном шахсон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.
Ҳамин тариқ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 19-уми апрели соли 2025, тахминан соати 11:10-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматии бародараш марди 35-солаи сокини ҳамон ҷо шуда, аз онҷо 18 ҳазору 800 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

21.04.2025 8:22
14