Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ноболиғ дар садамаи нақлиётӣ

19-уми апрели соли 2025, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи электро-моторолери тамғаи «Азия», ноболиғ Қурбонов Озодбек Шуҳратович, соли таваллудаш 2010, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингари деҳаи О.Нуъмоноваи шаҳри Душанбе ба канори рости роҳ баромада, ба қисми қафои автомобили боркаши тамғаи “Газел”, ки ба Яқубов Аъзамҷон Ҳикматуллоевич, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри мазкур, ки дар назди хонаи истиқоматиаш гузошта буд, бархӯрдааст. 
Дар натиҷа, худи ноболиғ Қурбонов О.Ш. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

21.04.2025 8:35
122