Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода аризаи марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки моҳи январи соли 2025, марди 31-солаи сокини шаҳри Турсунзода бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, се адад автомашинаи барқии тамғаи “Биайди Е2” ба маблағи  450 ҳазор сомонӣ, ду адад автомашинаи барқии тамғаи “Геометрия” ба маблағи 310 ҳазор сомониро бо тариқи ғайринақдӣ гирифта ваъда додааст, ки дар давоми 20 рӯз фурӯхта маблағҳояшро медиҳад. 
Гумонбаршаванда автомашинаҳоро фурӯхта, маблағҳояшро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
Гумонбаршаванда инчунин аз ҷабрдида дар чанд марҳила боз 280 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда кардааст, ки дар давоми тиҷораташон баргардонида  медиҳад. 
Дар натиҷа ба ҷабрдида 1 миллиону 40 ҳазор сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расонидааст. 
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи сокини ноҳияи Данғара ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, охирҳои моҳи декабри соли 2021, дар ҳудуди ноҳияи Данғара бо роҳи фиреб ба боварии марди 39-солаи сокини ноҳияи Данғара роҳбари ҶДММ “Саиднизомиддин” даромада, худро ҳамчун мутахассиси соҳаи парандапарварӣ муаррифӣ намуда, ваъда додааст, ки фаъолияти коргоҳи ӯро дучанд намуда, мизоҷонашро зиёд мегардонад, ҷабрдида ба ӯ бовар карда ҳамчун муовини худ ба кор қабул намуда, тамоми имкониятро баҳри пешрафти корхонааш фароҳам меорад.
Баъдан гумонбаршаванда то моҳи апрели соли 2024 бо роҳи фиреб 804 ҳазору 253 сомониро тасарруф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ огоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

23.04.2025 8:17
25