Тақвияти сатҳи забондонии хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем».
Бо мақсади иҷро намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми марти соли 2024 “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ”, тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Бахусус, ҷиҳати омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ Фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми марти соли 2024 “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расида, Комиссияи санҷиши сатҳи забондонии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳайати муовини Вазири корҳои дохилӣ, муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД, сардори Академияи ВКД, муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД, сардори кафедраи забонҳо ва омӯзгорони фанҳои забонҳои русӣ ва англисии Академия, ёрдамчии сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД таъсис дода шудааст.
Аз 23-юми ноябри соли 2024 сар карда, то санаи 19-уми апрели соли 2025 комиссия дар Раёсати экологӣ ва сайёҳӣ, Раёсати дарнақлиётбуда ва шуъбаҳои он, Раёсати молиявӣ ва иқтисодӣ, Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомӣ, Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, Хадамоти давлатии “Муҳофиза” ва шуъбаҳои он, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ, Воҳиди махсус, Раёсати тиббӣ, Муассисаи нақлиётӣ, Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил, Раёсати амнияти дохилӣ ва Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД сатҳи забондонии кормандони ниҳодҳои зикрнамударо аз фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ санҷиданд.
Комиссия фаъолияти хешро идома дода, санадҳои марбутаро дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар байни ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ хоҳад кард.
Азиза Давлатшоева,
полковники милитсия