Ифшо шудани ҳодисаи дуздии чорво
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини ноҳияи Ашт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 18-уми апрели соли 2025, тахминан соати 11:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ аз мавзеи нигоҳубин кардани чорвои калони шохдор, воқеъ дар деҳаи Гулшани ноҳияи Ашт, ки ба падараш пирамарди 72-солаи сокини ноҳияи Ашт тааллуқ дорад, 2 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 17 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.