Вохӯрии сеҷониба ҷиҳати роҳандозӣ намудани семинарҳои омӯзишӣ барои кормандони Вазорати корҳои дохилӣ
Дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 дар бинои Дафтари Барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе бо иштироки Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло, намояндаи Дафтари мазкур ҷаноби Мирослав Миллоевич, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия дар Сафоратхонаи Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон ҷаноби Дениз Озаслан вохӯрии сеҷониба баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамкориҳо ҷиҳати ташкил намудани семинарҳои омӯзишӣ дар самти муайян ва ошкор намудани ҷиноятҳои киберӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар натиҷаи вохӯрии судманд ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки санаҳои 12-16 ва 19-23-юми майи соли ҷорӣ бо дастгирии шарикони рушд дар Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе бо ҷалби мутахассисони соҳибкасби Ҷумҳурии Туркия барои кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар самти муайян ва ошкор намудани ҷиноятҳои киберӣ ташкил ва баргузор карда мешавад.