Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани якчанд ҳодисаи дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Вахш бо ариза марди 65-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 3-юми майи соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз маркази ноҳияи Вахш 1-адад сечархаи тамғаи “Моторола”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро духтарбачаи ноболиғи 15-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи Қубодиён аризаи марди 56-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки шаби 17 ба 18-уми декабри соли 2024 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили оғилхонааш 13 сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 32 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғони 17 ва 16-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Н.Хусрави ноҳияи Қубодиён содир намудаанд.
Ҳамин тариқ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудааст.
Гумонбаршаванда 24-уми апрели соли 2025, тахминан соати 11:00, аз заминҳои саҳроии ҳудуди ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи мазкур як сар чорвои калони шохдорро, ки ба марди 32-солаи сокини ҳамин ноҳия тааллуқ дорад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

08.05.2025 8:53
13