Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду садамаи нақлиётӣ дар як рӯз

6-уми майи соли 2025, тахминан соати 12:55-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Шевролет Нексиа», Гундуков Комилҷон Раҳматшоевич, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» дар ҳудуди деҳаи Ваҳдати шаҳри Шаҳристон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи электромобили тамғаи «BYD Song», таҳти идораи ронанда, Исмонов Орифҷон Пулатҷонович, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Ҳисор бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Шевралет Нексиа» Гундуков К.Р. ва мусофири автомашинаи электромобили тамғаи «BYD Song», Исмонов  Маруфҷон Пулатҷонович, соли таваллудаш 1969, сокини шаҳри Ҳисор, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, 2 нафар мусофири дигари автомашинаи тамғаи «Шевралет Нексиа» ва ронандаи автомашинаи электромобили тамғаи «BYD Song» Исмонов О.П. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. 
6-уми майи соли 2025, тахминан соати 14:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Ланкрузер», Маскаев Абдурашид Содатқадамович, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат намудан аз самти деҳаи Ғудара ба самти деҳаи Рошорви ноҳияи Рушон дар ҳудуди деҳаи Савноби ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи автомашинааш набаромада, автомашинаро ба тарафи чапи роҳ ба чуқурии 15-20 метр чаппа намудааст.
Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи мазкур: Ҳотамов Иброҳим Амирбекович, соли таваллудаш 1982, Ақназаров Марамбек Шоҳидонович, соли таваллудаш 1966, сокинони ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рушон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони дигари автомашинаи мазкур Аюбова Давлатхотун Каримовна, соли таваллудаш 1974, Худододов Гадомамад Кузибекович, соли таваллудаш 1995, Сабзикова Дона Сабзиковна, соли таваллудаш 1980, Амирбеков Гулбек Мирзораҳимович, соли таваллудаш 1970, Бойназаров Ҷовидон Тоҳирович, соли таваллудаш 1988, Қадамшоев Мардоншо Қурбоншоевич, соли таваллудаш 1968, Худододова Гулнисо Кузибековна, соли таваллудаш 1977, сокинони ҷамоати деҳоти Савноби ноҳияи Рушон ва ронандаи автомашинаи мазкур Маскаев А.С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

08.05.2025 8:56
44