Ифшо шудани ҳолатҳои тағйир додани иттилооти компютерӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони тағйир додани иттилооти компютерӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аз моҳи январи соли 2025 то 10-уми апрели соли 2025, ҳангоми дар нуқтаи савдо дар бозори “Корвон” ба фаъолияти фурӯшандагӣ машғул шуданаш бо мақсади ғараз ва азхудкунии маблағи савдо дар телефони мобилии худ барномаи “AI Retouch удалить”-ро пайваст намуда, расиди маблағҳои ғайринақдиро тавассути ҳамёни электронии “Душанбе Сити” интиқолашро иваз ва тағйир дода, маблағи 85 ҳазор сомониро тасарруф намуда, ба соҳибкор марди 36-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ зарари моддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 299 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони тағйир додани иттилооти компютерӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо ҷавонзани 22-солаи сокини шаҳри Душанбе онлайн-мушовири шуъбаи қарздиҳӣ дар ҶСП “Душанбе Сити-Бонк” ва марди 32-солаи сокини пойтахт мутахассиси кортҳои бонкӣ дар ҶСП “Душанбе Сити-Бонк” дар ҳолатҳои зерин ҷиноят ба муқобили амнияти иттилоотӣ содир намудаанд.
Гумонбаршавандагон бо мақсади ба даст овардани маблағи калони пулӣ аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо нафарони зикршуда, ба номи як гурӯҳ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи дохил намудани иттилооти баръало бардурӯғ ба системаи компютерӣ ба ҳамёни электронии ҶСП “Душанбе Сити–Бонк” соҳиб шуда, фаъолияти криптоасъори навъи “BYBit”-ро ба роҳ монда, мунтазам маблағҳои пулиро дар ҳаҷми махсусан калон 30 ҳазор доллари амрикоӣ ва 182 ҳазор сомонӣ ба гардиш гузошта, минбаъд онро нақдӣ намудаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 1 моддаи 299 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.