Боздид аз хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ
14-уми майи соли 2025 муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Иброҳимзода Нозим аз рафти кишту кори баҳорӣ дар хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ, ки дар ҷамоати деҳоти Дурбати шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгиранд, боздид ба амал овард.
Аз заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ бо истифода аз боду ҳавои мусоид имконият аст, ки дар як сол ду маротиба ҳосили хуб гирифта шавад.
Зимни боздид муовини Вазири корҳои дохилӣ ба масъулини соҳа ҷиҳати кишту кор, парвариш ва рӯёнидани ҳосили хуб як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Мавриди қайд аст, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтани хоҷагиҳои ёрирасон дар назди сохторҳои низомӣ ва мақомотҳои қудратӣ тавонист дар самти таъмини маводи озуқаворӣ мусоидат намояд. Дар ин раванд дар мақомоти корҳои дохилӣ хоҷагиҳои ёрирасон таъсис дода шуда, ба рушду нумӯъ ёфтани маҳсулоти кишоварзӣ тақвият бахшид.
Гул Маҳбуба