Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ҳодисаи дуздии “Скутер”

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи М.Ҳамадонӣ муроҷиат намудааст, ки 5-уми майи соли 2025, тахминан соати 00:20-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз кӯчаи Сомонии ноҳияи Фирдавсӣ як дучархаи тамғаи “Скутер”-ро  дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Зарари расонидашуда 6 ҳазору 500 сомонӣ ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 35-солаи сокини шаҳри Бохтар содир намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

16.05.2025 8:14
8