Нуқтаи сайёри милитсия дар деҳоти дурдасти шаҳри Исфара
Бо мақсади расонидани хизматрасонии босифат ба аҳолии маҳалҳои дурдаст ва баланд бардоштани сатҳи ҳамкории ҷомеа бо мақомоти корҳои дохилӣ, раиси Шурои ҷамъиятии назди Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара дар якҷоягӣ бо кормандони Шуъбаи мазкур ба деҳоти дурдасти шаҳр тариқи нақлиёти сайёри назди шуъба сафарбар гардиданд.
Зимни ин чорабинӣ, бо сокинони маҳал вохӯриҳо баргузор гардида, оид ба масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва вокуниш ба муроҷиати шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд. Ҳамзамон, ба сокинон дар самти ҳалли мушкилоти ҳуқуқӣ, масъалаҳои бақайдгирии асноди шахсӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳими иҷтимоӣ машваратҳои ройгон пешниҳод карда шуданд.
Иқдоми мазкур яке аз василаҳои муфиди тақвият бахшидани робитаи мақомоти милитсия бо ҷомеа буда, минбаъд низ дар минтақаҳои гуногуни шаҳри Исфара идома хоҳад ёфт.