Саҳми Шуроҳои ҷамъиятӣ дар раванди ислоҳоти милитсия
Дар доираи татбиқи нақшаи кории Шурои ҷамъиятии назди Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гурӯҳи кории Шуро таҳти роҳбарии раиси Шурои вилоятӣ Маликисломӣ Наим Мунаввар омӯзиши фаъолияти Шурои ҷамъиятии ноҳияи Айниро дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба роҳ монданд.
Мақсади омӯзиш таҳлили сатҳи иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ислоҳоти милитсия ва нақши фаъолонаи аъзои Шурои ҷамъиятӣ дар ҳалли мушкилоти амниятӣ ва иҷтимоӣ буд. Зимни омӯзиш муайян карда шуд, ки Шурои ҷамъиятӣ дар ноҳияи Айнӣ фаъолияти назаррасро дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва таҳкими ҳамкориҳои ҷомеа бо мақомоти милитсия ба роҳ мондааст.
Қайд гардид, ки аъзои Шуро бояд мунтазам дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом диҳанд. Ин фаъолиятҳо ба пешгирии амалҳои номатлуб, аз ҷумла паҳншавии ифротгароӣ ва терроризм, ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва зӯроварӣ дар муҳити оилавӣ ба таври муассир мусоидат мекунанд.
Инчунин таъкид шуд, ки Шурои ҷамъиятӣ бояд дар ҳамбастагӣ бо кормандони милитсия чораҷӯӣ намуда, барои ташкили чорабиниҳои оммавӣ, маърифатӣ ва варзишӣ, ки ба таҳкими робитаи мутақобилаи шаҳрвандон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ равона шудаанд, саҳмгузор бошад.
Бо дарназардошти аҳамияти ислоҳоти милитсия дар таҳкими қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ, саҳми Шуроҳои ҷамъиятӣ ҳамчун гӯшае аз ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин раванд бениҳоят муҳим арзёбӣ мегардад. Маҳз тавассути ҳамкории зичи ниҳодҳои давлатӣ бо ҷомеа метавон ба ҳадафҳои ниҳоии ислоҳот — яъне ташкили милитсияи ҳифзкунандаи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон расид.