Сафари гурӯҳи кории Шурои ҷамъиятии назди РВКД дар вилояти Суғд ба шаҳри Панҷакент
Бо мақсади омӯзиш ва таҳлили фаъолияти Шурои ҷамъиятии назди мақомоти милитсия дар шаҳри Панҷакент, инчунин расонидани кӯмаки методӣ ва тақвияти ҳамкориҳо миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, гурӯҳи кории Шурои ҷамъиятии РВКД дар вилояти Суғд ба ин шаҳр ташриф овард.
Зимни сафари корӣ раиси Шурои ҷамъиятии вилоятӣ Маликисломӣ Наим Мунаввар ва роҳбари гурӯҳи кории Шуро Маҳмадсалим Ҳаитов бо аъзои Шурои ҷамъиятии назди ШВКД дар шаҳри Панҷакент вохӯрӣ доир намуда, ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Шуро, рушди ҳамкории иҷтимоӣ ва мустаҳкам намудани робита бо аҳолӣ маслиҳатҳои муфид доданд.
Ин ташриф ба беҳтар шудани ҳамоҳангсозии фаъолият миёни сохторҳои дахлдор ва ҷомеа мусоидат намуда, барои боз ҳам фаъолтар гардидани Шурои ҷамъиятӣ дар сатҳи маҳаллӣ заминаи мусоид фароҳам овард.