Боздид аз фаъолияти кории Шурои ҷамъиятии назди мақомоти милитсияи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
Бо мақсади таҳкими ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дар доираи татбиқи нақшаи кории Шурои ҷамъиятии вилоятӣ, гурӯҳи кории аъзои Шурои ҷамъиятии вилояти Суғд ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафарбар гардиданд.
Ин боздид бо мақсади омӯзиши фаъолияти амалии Шурои ҷамъиятии назди Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи мазкур анҷом дода шуд. Тибқи феҳристи тасдиқшуда, гурӯҳи корӣ фаъолияти Шурои ҷамъиятии ноҳиявиро мавриди таҳлил ва санҷиш қарор дод.
Зимни боздид натиҷаҳои фаъолияти Шуро, аз ҷумла сатҳи иштироки аъзо дар раванди таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳамкорӣ бо сокинони маҳаллӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва тарғиби ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Гурӯҳи корӣ ба корбарии фаъолона дар самти фаҳмондадиҳӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили муқовимат бо экстремизм ва терроризм, коҳиши ҷинояткорӣ миёни наврасон ва пешгирии зӯроварии хонаводагӣ таъкид намуд.
Ин боздид дар рӯҳияи ҳамкорӣ ва мусоидат ба таҳкими робитаҳои ҷомеа бо мақомоти милитсия сурат гирифт ва ҳамчун як қадами муҳим дар раванди ислоҳоти милитсия дар ноҳия арзёбӣ гардид.