Санҷиши фаъолияти кории Шурои ҷамъиятӣ
Санҷиши фаъолияти Шурои ҷамъиятии назди мақомоти милитсияи ноҳияи Зафаробод, ки аз ҷониби аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Зикрулло Иброҳимов ва Муродҷон Орипов анҷом ёфт, нишон дод, ки фаъолияти мазкур мувофиқи талаботи Низомномаи Шурои ҷамъиятӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамкории Шуро бо мақомоти милитсияи ноҳия ба таври зарурӣ ба роҳ монда шуда, аъзоёни Шуро дар пешгирии ҷинояткорӣ, махсусан дар байни ҷавонону наврасон, саҳми назаррас доранд.
Ҳамкории самараноки Шурои ҷамъиятӣ бо мақомоти милитсия дар ноҳияи Зафаробод намунаи хуби ҳамкории ҷомеа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки метавонад дар дигар минтақаҳо низ амалӣ карда шавад.