Ошкор шудани ҷинояти тамаъҷӯӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини ноҳияи Зафаробод бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 22-юми марти соли 2025, бо роҳи иръоб ва таҳдиди ифшои маълумоти беобрӯкунанда аз пирамарди 70-солаи сокини ноҳияи Айнӣ гӯё барои ҳаракатҳои шаҳвонӣ намудан бо ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Айнӣ ва ошкор кардани кирдорҳои ӯ, бо роҳи тамаъҷӯӣ 11 ҳазору 100 сомонӣ талаб намуда гирифтааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.