Ошкор шудани ҳолати азонихудкунии маблағи корхона
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҷойи кораш сардори «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-и шаҳри Истаравшан, дар вазифаи ишғол намудааш аз 16-уми январ соли 2025 то ин ҷониб фаъолият намудааст ва собиқ сардори ФҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-и шаҳри Истаравшан марди 51-солаи сокини шаҳри Хуҷанд моҳи марти соли 2023 аз вазифааш барканор шудааст, бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон, тахминан моҳи майи соли 2022, тибқи маслиҳати пешакӣ, тавассути протоколи тендерӣ барои харидорӣ намудани 1-адад трансформатор ба маблағи умумии 1 миллиону 490 ҳазор сомонӣ бо воситаи таъминотчии ҶДММ «Фарзина», дастгиршуда, марди 33-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки қаблан соли 2021 бо қисми 2 моддаи 245 ва бо қисми 2 моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳуҷҷатгузорӣ карда, онро аз шаҳри Душанбе ба маблағи 740 ҳазор сомонӣ харидорӣ карда, боқимонда 740 ҳазор сомониашро байни ҳамдигар тақсим намуда, ба манфиати шахсиашон сарф намуда, ба буҷаи давлат зарари махсусан калон расонидаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 4 моддаи 245, қисми 2 моддаи 295 ва қисми 2 моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ ва нисбати пешдастгиршуда марди 33-сола бо қисми 4 моддаи 245, қисми 2 моддаи 295 ва қисми 2 моддаи 260 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи чиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















