Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти гурӯҳи дуздон барои чорводуздӣ 

Ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ бо ариза марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 7 ба 8-уми майи соли 2025, шахсони номаълум аз заминҳои чарогоҳи назди хонааш 1 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро мардони 28, 30, 35 ва ҷавони 23-солаи сокинони ноҳияҳои Восеъу Ҳамадонӣ содир намудаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

26.05.2025 8:07
17