Қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда шаби 30 ба 31-уми майи соли 2025, тахминан соати 02:40-дақиқа, дар кӯчаи Қазоқон бо марди 30-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуааст, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 2 маротиба ба дасти росташ зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.