Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Ашт
3-юми июни соли 2025, тахминан соати 22:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Портер Хундай», Сулаймонов Бахтовар Салоҳиддинович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Каҳрамони ҷамоати деҳоти Шодоба ба самти шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт, дар ҳудуди роҳи мошингард аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Камаз», таҳти идораи ронанда Эргашев Ҳусейн Ҷурабоевич, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи мазкур, ки дар канори роҳ қарор дошта автомашинаро таъмир мекард бархӯрда, ба қисмати миёнаи роҳи мазкур чаппа шуда, дари ронанда аз тарафи чап ба автомашинаи тамғаи «Хундай-Экуус» таҳти идораи Зайниддинов Зариф Зайниддинович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Ашт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Портер» Сулаймонов Б.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони автомашинаи мазкур Сулаймонов Салоҳиддин Азимматович, соли таваллудаш 1970, сокини ҳамин ноҳия ва ронандаи автомашинаи тамғаи «Камаз» Эргашев Х. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.