Ҷаласаи роҳбарони воҳидҳои самти криминалии Вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳо - аъзои ИДМ
Рӯзҳои 12-14-уми июни соли 2025 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи сеюми роҳбарони воҳидҳои криминалии вазоратҳои корҳои дохилии аъзои ИДМ баргузор гардид, ки ба масъалаҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, терроризм, экстремизм, маводи нашъаовар, ҷиноятҳои киберӣ ва ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ бахшида шуд.
Дар ҷаласа ҳайатҳои вазоратҳои корҳои дохилии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Беларус, Қазоқистон, Туркманистон, Федератсияи Россия, Узбекистон ва Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ иштирок намуданд.
Дар кори ҷаласа ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои табодули иттилоот, ошкор ва тафтиши ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои дорои хусусияти фаромиллидошта баррасӣ шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки ҷаласаи мазкур ба пешрафти фаъолияти мақомоти корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ такони ҷиддӣ бахшида, дар пешгирии ҳама гуна қонуншиканӣ ва таъмини оромиву осоиштагии ҷомеа мусоидат менамояд.
Гул Маҳбуба