Шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадам дар самти пешгирии сохтакории ҳуҷҷатҳо
Рӯзҳои 17-19-уми июни соли 2025 дар шаҳри Амстердами Шоҳигарии Нидерландия дар асоси даъватномаи Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (ICMPD), сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Мирзозода Ҷомӣ Ҷамахон дар давраи омӯзишӣ оид ба тасдиқи айнияти шахс ва аслияти ҳуҷҷатҳо иштирок намуд.
Дар чорабинии омӯзишии мазкур иштирокчиён бо дастовардҳо аз техникаю технологияи муосир оид ба пешгирии ҳуҷҷатҳо аз сохтакорию қалбакисозӣ, муайянсозии намудҳои ҳуҷҷатҳо ва ворид намудани системаи ҳимоявии муосир шиносоӣ пайдо намуданд.
Таҷрибаи мазкур дар фаъолияти ҳамарӯза оид ба пешгирии сохтакории ҳуҷҷатҳо манфиатбахш мебошад.