Ошкор шудани тамаъҷӯии ҷавонзани 24-сола
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 31-солаи сокини ноҳияи мазкур, маъмури тарабхонаи “Citir-Usta” муроҷиат намудааст, ки 9-уми июни соли 2025, тахминан соати 20:45-дақиқа, дар тарабхонаи “Citir-Usta” воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, “Тахмина” ном шахс хӯроки шомро истеъмол намуда, пасон 15-уми июни соли 2025 тавассути шабакаи интернетии “Инстаграмм” дар саҳифаи худ бо мустаъори “mrs.taxmina” маълумотҳои бардуруғ дар хусуси он, ки хӯрокҳои тарабхонаи “Citir-Usta” ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ нестанд, видеонавор паҳн намуда, аз маъмури тарабхонаи мазкур бо роҳи тамаъҷӯӣ барои несту нобуд кардани видеонавор аз саҳифаи интернетиаш 4 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 24-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуда, аз ӯ 200 доллари амрикоӣ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.